Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Бойгонии ахбор
18.08.2009

Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Имрӯз, 18 августи соли ҷорӣ, ҳаҷми қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳои дар бозори байнибонкӣ муқарраршуда, тамоюли пастшавӣ дошта, фаъолтар шудани амалиётҳо бо долл. ИМА ва евроро нишон медиҳанд. Умуман, аз рӯи амалиёт, қурбҳои миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме паст шуда, 4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА 6,26 сомонӣ барои 1 евро ва 1,38 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд.  Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давоми рӯз бетағйир монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4324 - 4,4544 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор ёфт.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку