17.08.2009
Қурби хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори асъор каме тағйир ёфт
Дар рӯзҳои истироҳат қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бетағйир монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4325-4,4534 сомонӣ боқӣ монд. Субҳи имрӯз, 18 август бошад қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш.Душанбе ва вилояти Суғд каме афзуда, пас аз нисфирӯзӣ паст шуд ва дар сатҳи 4,4334-4,4529 сомонӣ қарор гирифт. Қурби рубли русӣ низ коҳиш ёфта, дар ҳудуди 1,3620-1,3780 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ҷойгир шуд, қурби миёнаи хариду фурӯши евро тағйир наёфта, ба 6,2550-6,3050 сомонӣ барои 1 евро баробар шуд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон