Қурби рубли русӣ хеле паст шуд

Бойгонии ахбор
12.08.2009

Қурби рубли русӣ хеле паст шуд

Дар шаҳри Душанбе 12 августи соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор каме боло рафта, дар ҳудуди 4,4340-4,4550 сомонӣ барои долл. ИМА ва 6,2450-6,3150 сомонӣ барои евро ҷамъбаст шуд.  Тағйироти қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ, фаъолтар шудани амалиёт бо долл. ИМА ва рубли русиро нишон медиҳад. Аз ҷумла, қурби миёнаи долл. ИМА дар ин қисмати бозор каме паст шуда 4,4123 сомонӣ ва қурби евро бошад, каме афзуда 6,3132 сомониро ташкил доданд.  Айни замон, вобаста ба якбора паст шудани қурби рубли русӣ дар бозорҳои муҳимтарини минтақа, он дар бозори дохилӣ низ тамоили мазкурро такрор намуда, дар қисмати амалиёти нақдӣ аз 1,4015 то 1,3740 сомонӣ паст шуд ва дар қисмати байнибонкию дохилибонкӣ аз 1,4113 то 1,3882 сомонӣ барои 10 рубли русӣ паст шуд. Дар ҷамъбасти ин амалиёт қурби мубодилавии расмӣ низ аз 1,3859 то 1,3306 сомонӣ барои 10 рубли русӣ паст шуд.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку