Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА чун рӯзҳои пештара бетағйир монд

Бойгонии ахбор
07.08.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА чун рӯзҳои пештара бетағйир монд

6 август қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, чун рӯзҳои пештара бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба 4,4434 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Дар навбати худ, қурби дигар асъорҳо низ нисбатан мӯътадил буданд ва қурби миёнаи хариду фурӯши 10 рубли русӣ ба 1,4135 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2436 сомонӣ баробар шудаанд.  Дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор афзудани пешниҳоди асъори хориҷӣ ба мушоҳида мерасид, аз ин рӯ қурби миёнаи 1 долл. ИМА ба 4,4172 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4262 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2290 сомонӣ баробар гашт.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку