Қурби хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина каме тағйир ёфт

Бойгонии ахбор
03.08.2009

Қурби хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина каме тағйир ёфт

Дар рӯзҳои истироҳат қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил буда, ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд.  Дар давоми рӯзи 3 август қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти долл. ИМА ва рубли русӣ тағйир наёфта, мувофиқан дар ҳудуди 4,43-4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,41-1,42 сомонӣ барои 10 рубли русӣ боқӣ монданд, қурби миёнаи хариду фурӯши евро бошад каме афзуда, ба ҳисоби миёна 6,18-6,24 сомониро барои 1 евро ташкил намуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку