29.07.2009
Қурби хариду фурӯши доллари ИМА бетайғир монд
Дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА бетағйир монда ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан 1,40-1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,19-6.25 сомонӣ барои 1 евро ташкил намуданд. 29 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, то ҳудуди 4,39 – 4,43 сомонӣ паст фаромада, бо ин сабаб қурби расмии мубодилавии доллари ИМА аз 4,3907 то 4,3905 сомонӣ барои 1 доллари ИМА паст шуд. Маркази матбуоти БМТ