27.07.2009
Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА бетағйир монд
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ нисбатан мӯътадил буда, ба ҳисоби миёна 4,43-4,45 сомониро ташкил дод. Талабот ба асъори хориҷӣ вобаста ба гузаронидани амалиёт аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон камтар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баландтар шуда, мувофиқан 1,40-1,41 сомонӣ ва 6,18-6,23 сомониро ташкил намуданд. Дар давоми рӯз, 27 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе тағйир наёфта, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,43-4,45 сомонӣ боқи монд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон