22.07.2009
Қурби хариду фурӯши доллари ИМА каме паст фаромадааст
Дар давоми рӯзи 22 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе каме паст шуда ба ҳисоби миёна 4,4288 - 4,4456 сомониро ташкил дода, талабот ба асъори хориҷӣ кам шудааст. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти хариду фурӯши рубли русӣ ва евро тағйир наёфта, мувофиқан 1,39 – 1,40 сомонӣ ва 6,15 – 6,19 сомониро ташкил намуд. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ низ қурбҳои миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ каме тағйир ёфта, мутаносибан 4,43 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 1,40 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,17 сомонӣ барои 1 евроро ташкил доданд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон