21.07.2009
Қурби хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори асъор
21 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, то ҳудуди 4,41 – 4,43 сомонӣ паст фаромад. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан 1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,17 сомонӣ барои 1 евроро ташкил дод. Дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА бетағйир монда ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан 1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,18 сомонӣ барои 1 евроро ташкил намуданд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон