Имрӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тамоюли пастшавӣ дошт

Бойгонии ахбор
26.06.2009

Имрӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тамоюли пастшавӣ дошт

Дар давоми рӯзи 26 июни соли ҷорӣ бинобар сабаби зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ, қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе, тамоюли пастшавӣ дошт ва он то ҳудуди 4,42 – 4,44 сомонӣ коҳиш ёфт.  Қурбҳои асъорҳои хориҷии дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ муқарраршуда, аз фаъолтар шудани амалиётҳои бо долл. ИМА ва рубли русӣ шаҳодат медиҳанд. Қурби миёнаи долл. ИМА каме паст шуда, аз 4,4002 то 4,4000 сомонӣ барои 1 долл. ИМА поин рафт, рубли русӣ ва евро бошад, каме афзуда, 1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,21 сомонӣ барои 1 евроро ташкил доданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку