23.06.2009
Чун рӯзҳои пешин қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тағйир наёфт
23 июни соли 2009 чун рӯзҳои пешин қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тағйир наёфта ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомониро ташкил дод. Айни замон мӯътадилии талабот ба пешниҳоди пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дида мешавад. Қурбҳои асъорҳои дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ муқарраршуда, фаъолтар шудани амалиётҳо бо рубли русиро нишон медиҳанд. Умуман аз рӯи амалиёт, қурби миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ бетағйир монда, 4,42 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ташкил дод, евро бошад, каме афзуд ва ба 6,11 сомонӣ барои 1 евро баробар шуд. Маркази матбуоти БМТ