Бо сабаби зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА то 4,42 – 4,44 сомонӣ коҳиш ёфт

Бойгонии ахбор
12.06.2009

Бо сабаби зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА то 4,42 – 4,44 сомонӣ коҳиш ёфт

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯзи 12 июн бо сабаби зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ, тамоюли пастшавиро ба худ касб намуда, то ҳудуди 4,42 – 4,44 сомонӣ коҳиш ёфт.  Қурбҳои асъорҳои хориҷии дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ муқарраршуда, аз фаъолтар шудани амалиётҳои бо долл. ИМА ва рубли русӣ шаҳодат медиҳанд. Қурби миёнаи долл. ИМА аз 4,4012 то 4,4005 сомонӣ барои 1 долл. ИМА паст шуд, рубли русӣ низ коҳиш ёфта, 1,44 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил дод, қурби евро бошад,каме афзуда, ба 6,10 сомонӣ барои 1 евро баробар шуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку