05.06.2009
Бо зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор қурби миёнаи хариду фурӯши он каме паст гардид
Бо зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ, дар санаи 5 июни соли ҷорӣ, қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе каме паст гардида, дар ҳудуди 4,42 – 4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 1,42 – 1,43 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,05 – 6,10 сомонӣ барои 1 евро ҷамъбаст шуд. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, амалиётҳо бо доллари ИМА, рубли Федератсияи Русия ва евро фаъолтар гардида, қурби миёнаи 1 долл.ИМА 4,43 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,46 сомонӣ ва 1 евро 6,06 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ