01.06.2009
Фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор муназзам аст
Субҳи рӯзи душанбе нуқтаҳои мубодилаи асъор ба фаъолияти муназзами худ шурӯъ карданд. Савдо тибқи эълонномаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор, яъне ба ҳисоби миёна 4,36-4,40 сомонӣ барои 1 доллари ИМА анҷом дода мешаванд. Фаъолияти бозори байнибонкии асъор ва амалиётҳои бонкҳо аллакай оғоз ёфтаанд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон