29.05.2009
Дар бозори нақдӣ қурби хариду фурӯши доллари ИМА аз 4,75 то 4,45 сомонӣ поин рафт
Дар давоми рӯз, яъне 29 май поинравии қурби доллари ИМА аз 4,75 то 4,45 сомонӣ ба мушоҳида расид. Бинобар сабаби зиёд будани талабот ба асъори миллӣ қурби миёна аз рӯи амалиёти хариду фурӯши доллари ИМА дар бахшҳои дохилибонкӣ ва байнибонкӣ низ аз 4,52 то 4,35 сомонӣ поин рафт. Бо назардошти натиҷаҳои аз рӯи амалиётҳои номбурда ба миёномада, қурби расмии мубодилавӣ аз 4,4537 то 4,3743 сомонӣ паст шуд. Тамоюли мазкур, ки дар заминаи тағйирот дар бозор ташаккул ёфтааст, характери боз ҳам устувортарро ба худ касб карда истодааст. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон