20.05.2009
Сатҳи таваррум поин меравад
Сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2009 ба андозаи 0,1 фоиз коҳиш ёфта, аз аввали сол 1,1 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 банди фоизӣ паст мебошад. Нишондиҳандаи феълии таваррум дар ин давра аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти озуқа 0,3 фоиз, маводи ғайриозуқа 0,4 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 6,4 фоиз ба амал омад. Маркази матбуоти БМТ