Дар бозори нақдӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА аз 4,15 то 4,12 сомонӣ поин рафт

Бойгонии ахбор
30.04.2009

Дар бозори нақдӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА аз 4,15 то 4,12 сомонӣ поин рафт

30 апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи анҷом додани амалиётҳои фурӯши асъори хориҷӣ аз ҷониби бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бозори дохилии асъор, қурби миёнаи нақдинаи хариду фурӯши доллари ИМА аз 4,15 то 4,12 сомонӣ паст гардид. Илова бар ин, инчунин раванди зиёд шудани талабот ба сомонӣ барои анҷом додани пардохтҳои ҷорӣ мушоҳида мешавад.  Қурбҳои миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро нисбат ба рӯзҳои гузашта нисбатан баланд шуда, мутаносибан 0,1260-0,1270 ва 5,30-5,35 сомониро ташкил доданд, ки тамоюли шабеҳ дар бозори ҷаҳонӣ низ ҷой дорад.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку