10.04.2009
Афзоиши сармояи ташкилотҳои қарзӣ идома дорад
Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ (бонкҳо, ҷамъиятҳои қарзӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд) дар маҷмӯъ, ба ҳолати интиҳои семоҳаи аввали соли равон ба 1 089 млн. сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 42,3% зиёдтар аст. Аз ҷумла, сармояи тавозунии бонкҳо ва ҷамъиятҳои қарзӣ ба 972 млн. сомонӣ, ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ ба 5 млн. сомонӣ ва сармояи ташкилотҳои маблағгузории хурд 112 млн. сомониро ташкил доданд. Яке аз омилҳои зиёдшавии сармояи ташкилотҳои қарзӣ ин ҷалби маблағҳои нав ба сармояи оинномавӣ мебошад. Маркази матбуоти БМТ ш.Душанбе 10 апрели с.2009