Ҳаҷми ММД рӯ ба афзоиш дорад

Бойгонии ахбор
09.04.2009

Ҳаҷми ММД рӯ ба афзоиш дорад

Вазъи иқтисодиёти кишвар дар семоҳаи аввали соли 2009 бо афзоиши мӯътадили истеҳсолот ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ тавсиф ёфтааст. Тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар семоҳаи аввали соли равон 3 312,5 млн. сомониро ташкил дода, рушди воқеии он бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 фоиз афзуд.  Рушди иқтисодиёт дар ин давра бештар аз ҳисоби афзудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,7 фоиз ва хизматрасонӣ 4,5 фоиз ҷараён гирифт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз коҳиш ёфт.  Маркази матбуоти БМТ ш. Душанбе 9 апрели с. 2009

Возврат к списку