03.03.2009
Қурби миёнаи доллари ИМА дар бозори нақдӣ тағйир наёфт
Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ тағйир наёфта, мӯътадил монд ва дар сатҳи 3,81 – 3,83 сомонӣ қарор дошт. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор амалиётҳои бештар дар ҷуфти “сомонӣ - рубл” аз рӯи қурби миёнаи 0,1073 сомонӣ ба назар расиданд. Аз рӯи ҷуфти “сомонӣ - доллар” бошад, амалиётҳо камтар ба мушоҳида расиданд ва бинобар ин, қурби миёнаи доллари ИМА аз рӯи додугирифтҳо аз 3,7935 то 3,7695 сомонӣ поён рафт. Маркази матбуоти БМТ