Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ тағйир наёфт

Бойгонии ахбор
26.02.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ тағйир наёфт

Дар давоми рӯзҳои охир қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ мӯътадил монда, тағйир наёфт ва дар сатҳи 3,78 – 3,82 сомонӣ қарор дошт.  Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор амалиётҳои бештар дар ҷуфти “сомонӣ - рубл” аз рӯи қурби миёнаи 0,1074 сомонӣ ба назар расиданд. Аз рӯи ҷуфти “сомонӣ - доллар” бошад, амалиётҳо тамоман кам анҷом дода шуданд ва вобаста ба ин, қурби миёнаи доллари ИМА аз рӯи додугирифтҳо 3,7997 сомониро ташкил дода, дар давоми рӯзҳои охир ба ягон тағйироти назаргир рӯ ба рӯ нашуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку