Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА каме тағйир ёфт

Бойгонии ахбор
23.02.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА каме тағйир ёфт

20 феврали соли равон, дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар муқоиса бо рӯзи гузашта каме тағйир ёфт ва дар сатҳи 3,79 – 3,80 сомонӣ қарор гирифт.  Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор амалиётҳои бештар дар ҷуфти “сомонӣ - рубл” аз рӯи қурби миёнаи 0,1083 сомонӣ ба назар расид, вале аз рӯи ҷуфти “сомонӣ - доллар” амалиётҳои камтар анҷом дода шудаанд ва қурби миёнаи доллари ИМА аз рӯи додугирифтҳо 3,7750 сомониро ташкил дода, ба ягон тағйироти назаргир рӯ ба рӯ нашуд.  Дар айни замон дар бозори дохилии асъор тамоюли зиёд шудани асъори хориҷӣ, аз он ҷумла, доллари ИМА ба миён омад, дар баъзе бахшҳои бозори асъор бошад, фаъол гардидани муомилот бо рубли Федератсяи Русия ба назар расид, ки вобаста ба ин, дар давоми рӯз тағйирёбӣ ҷониби паст шудани қурби доллари ИМА мушоҳида гардид.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку