Поёнравии қурби миёнаи доллари ИМА ба мушоҳида мерасад

Бойгонии ахбор
16.02.2009

Поёнравии қурби миёнаи доллари ИМА ба мушоҳида мерасад

13 феврали соли ҷорӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе поёнравии қурби миёнаи доллари ИМА мушоҳида гардид ва 1 доллари ИМА ба 3,72 – 3,74 сомонӣ баробар шуд.  Тамоюли пастшавии қурби доллари ИМА ҳамчунин дар бозори байнибонкии асъор мушоҳида гардид ва он 1,3 фоизро ташкил кард. Вобаста ба ин, қурби расмии мубодилавӣ аз 3,7225 то 3,7190 сомонӣ барои 1 доллар поён рафт.  Тамоюли ба миёномадаи баландшавии талабот ба пули миллӣ, дар бештари бахшҳои бозори дохилии асъор ба мушоҳида мерасад.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку