Сатҳи кифоятии пешниҳоди асъори хориҷӣ ба назар мерасад

Бойгонии ахбор
09.02.2009

Сатҳи кифоятии пешниҳоди асъори хориҷӣ ба назар мерасад

Рӯзи душанбе, 9 феврал нуқтаҳои мубодилаи асъор ба муштариён қурби хариду фурӯши асъорро ба ҳисоби миёнаи 3,74-3,78 сомонӣ барои 1 доллари ИМА пешниҳод намуданд.  Дар ҳоли ҳозир бозори асъор дар ҳамин сатҳ мӯътадил гардидааст ва нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе дар ҳолати маъмулии кор фаъолият доранд.  Умуман, дар бозор сатҳи кифоятии пешниҳоди асъори хориҷӣ ба назар мерасад.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку