03.02.2009
Меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ба андозаи 1,5 банди фоизӣ паст карда шуд
Мувофиқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2009 бо мақсади самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат менамояд ва барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон аз 13,5 фоизи солона то 12, 0 фоизи солона паст карда шуд.