Сатҳи таваррум – 11,9 фоиз

Бойгонии ахбор
30.09.2008

Сатҳи таваррум – 11,9 фоиз

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 11,9 фоизро ташкил намуд. Дар сохтори таваррум саҳми асосӣ ба болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ - 13,9 фоиз ва хизматрасонӣ - 19,5 фоиз рост омад, афзоиши нархи маҳсулоти ғайриозуқа бошад, ба 3,8 фоиз баробар шуд.  Ҳамзамон, тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, сатҳи таварруми аслӣ (бе назардошти омилҳои мавсимӣ, маъмурӣ, фишорҳои беруна) дар ин давра 7,2 фоизро ташкил намуд.

Возврат к списку