Анҷоми озмун барои интихоби ширкати аудиторӣ

Бойгонии ахбор
10.08.2008

Анҷоми озмун барои интихоби ширкати аудиторӣ

10 августи соли 2008 дар Бонки миллии Тоҷикистон озмуни интихоби ширкати аудиторӣ, ки аудити махсуси Бонки миллии Тоҷикистонро анҷом медиҳад, ҷамъбаст гардид.  Дар натиҷаи озмуни озод ва бинобар мувофиқати пешниҳоди қобили қабул ба шарту талаботи озмун ширкати Ernst&Young LLP (ш. Лондон, Британияи Кабир) ғолиб дониста шуд.  Мӯҳлати гузаронидани аудити махсус аз моҳи август то ноябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст.

Возврат к списку