7 июн дар ш. Душанбе 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё баргузор мегардад

Бойгонии ахбор
06.06.2007

7 июн дар ш. Душанбе 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё баргузор мегардад

7 июни соли 2007 дар шаҳри Душанбе 17-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё баргузор мегардад. Дар кори он роҳбарони Бонкҳои марказии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Бонкҳои миллии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Оҷонсии Ҷумҳурии Қазоқистон оиди танзим ва назорати бозори молия ва ташкилотҳои молиявӣ, Бонки байнидавлатӣ, Бонки инкишофи иттиҳоди иқтисодии Авросиё ва Кумитаи интегратсионии иттиҳоди иқтисодии Авросиё ширкат меварзанд.  Дар чаҳорчӯбаи ҷаласа масъалаҳои ҳамкории соҳаи бонкии мамлакатҳои шомили минтақаи иттиҳоди иқтисодии Авросиё, иҷрои қарорҳои 16-умин ҷаласаи Шӯрои номбурда, мавқеъҳо оиди ташкили идора ва назорат аз болои амалиётҳои хавфӣ, амалияи ташаккули захираҳо барои талафоти эҳтимолӣ ва дигар масъалаҳои барои иштирокдорони ҷаласа муҳим мавриди муҳокима қарор мегиранд.  Дар анҷоми ҷаласа барои намояндагони васоити ахбор нишасти матбуотии муштараки роҳбарони Бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и давлатҳои иштирокдори иттиҳоди иқтисодии Авросиё баргузор мегардад.

Возврат к списку