11.05.2007
Ҳайати навбатии ХБА ба Тоҷикистон омад
10 майи соли равон ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии роҳбари ҳайат оид ба Тоҷикистон ҷаноби Карлос Пинеруа ба мамлакати мо омад. Мақсади асосии ҳайат аз шинос намудани роҳбарияти сиёсии мамлакат бо натиҷаҳои муҳокимаи моддаи IV аз ҷониби Шӯрои иҷроияи ХБА, ки 28 марти соли ҷорӣ дар Вашингтон баргузор гардида буд, иборат мебошад. Худи ҳамон рӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии аъзои ҳайати ХБА бо гурӯҳи иқтисодии ҷумҳурии мо – Вазири рушди иқтисодӣ ва савдо Бобоев Ғ., Вазири молия Наҷмуддинов С., Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алимардонов М. ва Раиси Кумитаи андоз Солиев Ҳ. баргузор гардид, ки дар ҷараёни он шарҳи рушди иқтисодӣ ва мақсади ташрифи ҳайат баррасӣ гардиданд. Дар рафти фаъолияти хеш аъзои ҳайат нақша дорад дар Бонки миллии Тоҷикистон якчанд вохӯрию мулоқотҳо анҷом бидиҳад, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои сиёсати монетарӣ, тавозуни пардохт, мавзӯъҳои назорати бонкӣ ва ғайра муҳокима хоҳанд гардид. Илова бар ин, вохӯриҳои аъзои ҳайат бо як қатор роҳбарон ва мутахассисони Вазоратҳои молия, рушди иқтисодӣ ва савдо, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар назар аст. Интизорӣ меравад, ки ҳайати ХБА аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон пазируфта мешавад. Ҳамчунин, вохӯриҳои дигар бо гурӯҳи иқтисодии ҷумҳурӣ баргузор хоҳанд гашт. Ташрифи ҳайати ХБА дар ҷумҳурии мо 17 май анҷом меёбад.