Мизи мудавввар дар БМТ

Бойгонии ахбор
28.03.2007

Мизи мудавввар дар БМТ

28 марти соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон корхонаи воҳиди давлатии “Клуби соҳибкорони ҷавон”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Бонкҳо ва хизматрасонии онҳо ба соҳибкорон” мизи мудаввар гузарониданд.  Дар он соҳибкорон аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи пойтахт, намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои байналхалқии қарздиҳӣ иштирок доштанд.  Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Эшов ҳозиринро хайра мақдам гуфта, дар хусуси вазъи имрӯзаи хизматрасонии бонкӣ, ки барои рушди соҳибкории хурду миёна равона карда шудааст, нақл кард.  Ӯ қайд кард, ки солҳои охир дастгирии соҳибкории хурду миёна яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти низоми бонкии мамлакат гардидааст.  Ҳоло дар ҷумҳурӣ ғайр аз бонкҳои тиҷоратӣ, ҳамчунин 22 ташкилоти қарздиҳии хурд, 37 фонди қарздиҳии хурд, 6 ташкилоти амонатии кредитии хурд ба соҳибкорон хизматӣ молиявӣ мерасонанд.  Дар мизи мудаввар соҳибкорон оиди беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ фикру дархостҳои худро пешниҳод намуданд.  Дар навбати худ намояндагони бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ оиди беҳтар намудани сифати хизматрасонии бонкӣ барои рушди соҳибкорӣ дар мамлакат андешаҳояшонро иброз доштанд.

Возврат к списку