28.03.2007
Дар БМТ Созишномаи кредитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Қувайт ба имзо расид
28 марти соли 2007 дар Бонки миллии Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишномаи кредитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Қувайтии рушди иқтисодии Араб оиди қисмати дуюми лоиҳаи обёрии водии Данғара баргузор гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санади мазкур вазири молияи мамлакат С. Наҷмуддинов ва аз ҷониби Қувайт муовини Раиси кулли хазинаи номбурда ҷаноби Ҳамад С. Ал-Омар имзо гузоштанд. Баъди анҷоми маросими имзогузорӣ вазири молияи ҷумҳурӣ ба Хазинаи Қувайт барои кӯмак ва дастгирии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён намуд. Ӯ иброз дошт, ки Хазинаи Қувайт фаъолияти сармоягузории худро дар мамлакати мо бомуваффақона идома медиҳад ва дар айни замон якчанд лоиҳаҳои муштараки маблағгузорӣ, ки барои инкишофи бахшҳои нақлиёт ва энергетика равона карда шудаанд, мавриди амалӣ қарор доранд. Маблағи умумии лоиҳаҳои муштарак бо Хазинаи Қувайтии рушди иқтисодии Араб 38,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Созишномаи кредитӣ оиди қисмати дуюми лоиҳаи обёрии водии Данғара маблағи 4 млн. динори қувайтӣ (қариб 13,8 млн. доллари ИМА) ташкил медиҳад. Кредит ба мӯҳлати 24 сол бо 1,5 ставкаи фоизии солона ва 4 соли имтиёзнок барои баргардонидани маблағи асосӣ пешниҳод карда мешавад. Мақсади лоиҳаи мазкур аз тариқи обёрӣ намудани водии Дангара дар масоҳати 1750 гектар замин, ки дар қисмати ҷанубии ҷумҳурӣ ҷойгир аст, зиёд кардани маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Ба лоиҳа инчунин, эҳёсозии корҳо дар канали асосии Данғара (2,5 км), канали №2 (қариб 7 км), канали №3 (қариб 7,3 км) бо сохторҳои зарурӣ барои обёрӣ ва хатҳои обгузар дохил мешаванд. Дар назар дошта мешавад, ки татбиқи лоиҳа дар мӯҳлати чор сол, яъне аз соли 2007 то соли 2010 амалӣ мегардад. Ҷонибҳо оиди ҳамкориҳои минбаъдаи судманд дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули назар намуданд.