Маросими имзои Созишномаи кредитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Қувайт 28 март баргузор мегардад

Бойгонии ахбор
27.03.2007

Маросими имзои Созишномаи кредитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Қувайт 28 март баргузор мегардад

27 марти соли равон ҳайати Хазинаи Қувайтии рушди иқтисодии Араб таҳти сарварии муовини Раиси кулли хазина ҷаноби Ҳамад С. Ал-Омар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.  Мақсади ташрифи ҳайат имзои Созишномаи кредитӣ оиди қисмати дуюми лоиҳаи обёрии водии Данғара ба маблағи 4 млн. динори қувайтӣ (қариб 13,8 млн. доллари ИМА) мебошад.  Маросими имзои созишнома 28 март дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор мегардад. Аз ҷониби Тоҷикистон ба созишнома вазири молияи мамлакат С. Наҷмуддинов имзо мегузорад.  Ташрифи ҳайати номбурда ба ҷумҳурии мо 29 март анҷом меёбад.

Возврат к списку