Мулоқоти роҳбарони БМТ ва «China Exim Bank»

Бойгонии ахбор
05.03.2007

Мулоқоти роҳбарони БМТ ва «China Exim Bank»

5 марти соли равон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ҳайати «China Exim Bank»-ро таҳти сарварии ноиби президенти бонк ҷаноби Ли Тсюн ба ҳузур пазируфт.  Дар ҷараёни мулоқот лоиҳаҳое, ки барои амалӣ шудани онҳо бонки номбурдаи Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи имтиёзнок дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мамлакатҳои узви ШОС ҷудо кардааст, муҳокима шуданд. Ҷудо намудани қарзи дарозмуддат барои сохтмони ду хатти интиқоли барқ – “Лолазор-Хатлон” ва “Ҷануб-Шимол”, ки ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов ба Чин ба имзо расида буданд, аз ҷумлаи онҳо мебошад.  Мусоҳибон ҳамчунин масъалаҳои тавсиаи ҳамкориҳои минбаъдаи ҳарду бонкро муҳокима намуданд.  Ташрифи ҳайати «China Exim Bank» дар Тоҷикистон идома дорад.

Возврат к списку