Анҷоми кори ҳайати ХБА дар Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
01.02.2007

Анҷоми кори ҳайати ХБА дар Тоҷикистон

1 феврали соли 2007 ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа кори худро анҷом дод.  Дар рафти ташрифи хеш аъзои ҳайат бо роҳбарияти мамлакат, вазорату идораҳо, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ якчанд вохӯрию мулоқотҳоро анҷом доданд.  Баъди анҷоми фаъолияти ҳайат Мушовири калони Департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор Дэвид Оуэн ва роҳбари ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Карлос Пинеруа барои намояндагони васоити ахбори умум нишасти матбуот доир намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки дар ҷараёни мулоқотҳои номбурда масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ХБА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Дар ин машваратҳо оиди суръат ва сифати рушди имрӯзаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон қаноатмандӣ изҳор карда шуд ва нисбати рушди минбаъдаи ҳамгироиҳои мутақобила дар доираи барномаи муштарак бо Хазинаи байналмилалии асъор - "Воситаи дастгирии сиёсати иқтисодӣ", ки ба дастгирии сиёсати давлат равона гаштааст, мубодилаи афкор баргузор гардид.  Масъалаҳои мусоидат ба идораи қарзи хориҷӣ, сиёсати пулию қарзии бонкҳо, сиёсати андоз ва таъмини шаффофияти даромадҳо аз ҷумлаи самтҳои асосии ҳамкорӣ дар даврони муосир номида шуданд.  Аъзои ҳайати ХБА ҳавасмандии худро баҳри идомаи ҳамкории манфиатбахш таъкид намуданд.

Возврат к списку