31.01.2007
Дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инкишофи соҳибкорӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти мол, бо Қарори Раёсати Бонки милли Тоҷикистон аз 26 январи соли равон , №37 Низомнома “Дар бораи тартиби ба амал баровардани назорати асъор аз болои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштани маблағҳои асъорӣ аз содироти мол”, ки бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 августи соли 1996, №38 тасдиқ шудааст, аз 1 марти соли равон беэътибор дониста шуд.