29.01.2007
Ҳайати ХБА кори худро идома медиҳад
29 январи соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор таҳти сарварии Карлос Пинеруа бо роҳбарони як қатор бонкҳои тиҷоратии чумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот дурнамои миёнамӯҳлати рушди бахши бонкӣ дар Тоҷикистон, вазъи бозори байнибонкӣ, масоили мавҷуда дар назди низоми бонкӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани боварии мардум ба низоми бонкӣ, ҷалби амонатҳо ва таҳкими молиявӣ муҳокима гардиданд. Роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ иброз намуданд, ки аз соли 1995 сар карда боварии мардум ба низоми бонкӣ мустаҳкам гардид ва зиёд шудани заминаи амонатии бонкҳои тиҷоратӣ шаҳодати он мебошад. Тавре онҳо қайд намуданд, агар сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат ба назар гирифта шавад, зиёдшавии ҳаҷми амонатҳои бонкҳо нишондиҳандаи баландшавии боварии мардум ба низоми бонкӣ мебошад. Иштирокдорони вохӯрӣ оиди дар оянда аз ҷониби бонкҳо оғоз намудани кор дар бобати конвертатсия кардани интиқолҳои пулии шаҳрвандон изҳори ақида намуданд. Дар мавриди таҳкими молиявии бахши бонкӣ роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ изҳор намуданд, ки ҳалли ин масъала дар Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкӣ барои давраи то соли 2009, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикитон дар якҷоягӣ бо бонкҳои тиҷоратӣ, вазорату идораҳо, олимон ва ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ таҳия гардидааст, таҷассум ёфтааст. Дар ҷараёни табодули афкор иштирокдорони вохӯрӣ барои таҳким ва рушди бахши бонкӣ як қатор пешниҳодҳои хешро баён намуданд.