25.01.2007
Ҳайати навбатии ХБА кори худро оғоз намуд
25 январи соли 2007 ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа кори худро оғоз намуд. Худи ҳамон рӯз вохӯрӣ ва мулоқоти аъзои хайати ХБА бо гурӯҳи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Мушовири давлатии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои иқтисодӣ М. Давлатов, вазири молия С. Наҷмиддинов Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов, вазири рушди иқтисодӣ ва савдо Ғ. Бобоев, Раиси Кумитаи андоз Ҳ. Солиев баргузор гардид. Мушовири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ М. Давлатов ба масъалаи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дахл намуда, изҳор дошт, ки дар соли 2006 рушди мӯътадили истеҳсолоти ватанӣ нигоҳ дошта шуд, сатҳи истеҳсолоти ММД дар соли гузашта 7,0 фоиз, аз он ҷумла истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4,9 фоиз ва кишоварзӣ 5,4 фоизро ташкил намуд. Сардори ҳайати ХБА ҷаноби Карлос Пинеруа оиди мақсади ҳайат ибрози назар намуда, иброз дошт, ки ӯ ният дорад муҳокимаи барномаи ХБА “Олот барои дастгирии сиёсати иқтисодӣ”-ро анҷом бидиҳад. Дар назар аст, ки ҳайати ХБА тайи як ҳафта бо роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мулоқоту машваратҳо анҷом медиҳад.