28.11.2006
Мизи мудаввар оид ба тағйироту иловаҳо ба Кодекси замин
28 ноябр Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов дар мизи мудавваре, ки дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки мушовири Давлатии Президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ М. Давлатов, кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президент, як қатор вазорату идораҳо ва намояндагони ташкилотҳои кӯмакрасон, аз ҷумла USAID барпо гардид, иштирок ва баромад намуд. Дар ҷамъомад Лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти сохторӣ ва замин омода гашта буд, мавриди муҳокима қарор гирифт. Лозим ба тазаккур аст, ки Гурӯҳи корӣ ҷиҳати омода сохтани таҳияи тағйироту иловаҳо ба Кодекси замини ҶТ бо қарори Ҳукумати ҶТ моҳи июли соли 2006 таъсис ёфта буд. Мушовири Давлатии Президент оид ба сиёсати иқтисодӣ М. Давлатов зимни баромади худ қайд намуд, ки ислоҳоти замин дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад, зеро 70 фоизи аҳолӣ аз даромади 7 фоизаи замин зиндагӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир, гуфт дар идомаи суханронии худ М. Давлатов, - дар Тоҷикистон сиёсати замину аграрӣ аз нав дида мешавад. Аз ин хотир зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории амалкунандаи замин ва қабули ҳуҷҷатҳои нави меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ҳуқуқи истифодабарии замин ба миён омадааст. Вобаста ба ин яке аз масъалаҳои асосӣ, ки дар назди комиссияи мустақиле, ки бо қарори Президенти ҶТ барои ҳалли қарзҳои хоҷагии қишлоқ таъсис ёфта буд, таҳияи дурнамои ҳалли вазъи ба амаломада дар бахши аграрӣ ва таҳияи базаи дахлдори қонунгузорӣ дар соҳаи ислоҳоти замин ба шумор меравад, - изҳор дошт М. Давлатов. Дар анҷоми суханрони худ М. Давлатов қайд намуд, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодгашта ба Кодекси замини ҶТ бояд ҳуқуқи истифодабарандаи замин, рушди муносибатҳои бозориро дар бахши аграрӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави маблағгузории хоҷагии қишлоқро пурзӯр ва таъмин намоянд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ҳини баромади худ қайд кард, ки шароити имрӯз дар хоҷагии қишлоқ ба амаломада ва масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тақозо мекунад, ки ба Кодекси замини ҶТ ҳарчи зудтар тағйироту иловаҳо дохил карда шуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳуқуқи озодона истифода бурдани замин ва ба гарав гузоштани он дода шавад. Ҳамчунин Раиси Бонки миллӣ қайд кард, ки дар баробари ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси замини ҶТ ба Кодекси шаҳрвандии ҶТ ва Қонуни ҶТ дар бораи гарав низ тағйиротҳои дахдор ворид кардан зарур аст. Дар мизи мудаввар ҳамчунин директори Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва рушди бозор хонум Кетрин Келм, мушовири Президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Х. Мирзоев, муовини раиси Кумитаи давлатӣ оид ба заминсозӣ М. Хабиров ва дигарон баромад намуда, оид ба масъалаи муҳокимашаванда андешаҳои худро иброз доштанд.