Ҷаласаи васеи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид

Бойгонии ахбор
23.11.2006

Ҷаласаи васеи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид

22 ноябри соли равон дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷаласаи васеи Раёсати бонк бо роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва ғайрибонкии молиявӣ баргузор гардид.  Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба низоми бонкӣ, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими расмии савгандёдкунӣ 18 ноябри соли ҷорӣ ифода ёфта буданд, баррасӣ гардиданд.  Дар рафти суханронии хеш Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов диққати аҳли нишастро ба масъалаҳои беҳтар намудани фаъолияти низоми бонкӣ, афзудани ҳаҷми маблағгузориҳои дохилӣ, низоми пардохт, устувории молиявии бонкҳо, дастрасии аҳолӣ ба қарзҳои хурд, ҷалби сармояи хориҷӣ аз тариқи бонкҳои тиҷоратӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок, зиёд кардани сармояи бонкҳо, додани қарзҳои хурд ба аҳолии ноҳияҳои дурдасту кӯҳистон ва баланд намудани рақобатпазирии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои ғайрибонкии молиявӣ ҷалб намуд.  Оиди масъалаҳои боло Раиси ҶСК “Агроинвестбонк” Н. Саидмуродов, Раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” М. Маҳмадаминов, Раиси ҶСП “Тоҷпромбонк” Ҷ. Зиёев, Раиси ҶСК “Соҳибкорбонк” Ҷ. Қавмиддинов, Раиси ҶСП “Бонки инкишофи Тоҷикистон” Н. Шокиров ва роҳбарони дигар бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои ғайрибонкии молиявӣ фикру андешаҳои худро иброз намуданд. Дар баробари баррасии дигар масъалаҳо номбурдагон пешниҳодҳо худро оиди додани иҷозат барои расонидани хизматрасониҳои дигар, аз ҷумла фурӯши қартаҳои пардохти хизматрасонии телефонӣ, ҳуқуқи иштирок дар сохтмони иншоотҳои гуногун, тезонидани вақти ташкили Асотсиатсияи бонкҳои ҷумҳурӣ, ҳангоми додани қарз ба кишоварзон ба ҳайси гарав ҷалб намудани сертификатҳо барои ҳуқуқи истифодаи замин пешкаш карданд.  Раиси БМТ М. Алимардонов дар ҷамъбасти ҷаласа қайд кард, ки дар ояндаи наздик сатҳи рақобат дар низоми бонки хеле боло меравад, аз ин рӯ, ба масъалаи баланд бардоштани кордонию касбияти кадрҳо диққати асосӣ додан зарур аст, зеро иқтисоди бозоргонӣ дар назди ҳамаи мо вазифаҳое мегузорад, ки танҳо бо диду амали нав ва касбияти баланд метавонем аз ӯҳдаи иҷрои онҳо бароем.

Возврат к списку