Дар нишасти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаи фаъолияти нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ ҷамъбаст карда шуд

Бойгонии ахбор
18.10.2006

Дар нишасти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаи фаъолияти нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ ҷамъбаст карда шуд

18 октябри соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотии навбатӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2006 ҷамъбаст карда шуданд.  Дар оғоз дар назди рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ Вазири молияи ҷумҳурӣ С. Наҷмиддинов суханронӣ намуд. Номбурда ба натиҷаи фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ дахл намуда, дар бораи лоиҳаи буҷети давлатии мамлакат барои соли 2007, қарзи берунаи ҷумҳурӣ ва инкишофи минбаъдаи бахши молиявӣ ба таври муфассал сухан ронд.  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов зимни суханронии хеш, аз он ҷумла, қайд намуд, ки ин давра бо рушди мӯътадили иқтисодиёт, нисбатан баланд шудани сатҳи таваррум, таҳким ёфтани низоми бонкӣ ва устувории бозорҳои пуливу - молиявӣ таҷассум ёфт. Вале равандҳое низ мавҷуданд, ки дар раванди инкишофи иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонанд. Истеҳсоли ММД дар давоми 9 моҳи соли равон рушди мӯътадилро давом дода, 7,6 фоизро ташкил намуд, ки дар сохтори он афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,2 фоиз ва соҳаи кишоварзӣ 8,5 фоизро дар бар гирифт.  Вобаста ба ин, дар ин давра ҳаҷми ММД 6 млрд 520 млн. сомониро ташкил кард, аз ҷумла маҳсулоти саноатӣ - 3 млрд 215 млн. ва кишоварзӣ - 2 млрд. 410 млн. сомонӣ.  Тавре М. Алимардонов иброз дошт, нишондиҳандаи дигари муҳими иқтисодӣ - таваррум дар давраи ҳисоботӣ сатҳи нисбатан баландтар 9,0 фоизро ташкил кард. Сохтори таваррум аз болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 9,4 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 3,1 фоиз ва хизматрасонии пулӣ 18,6 фоиз иборат буд.  Дар бобати даромади пулии аҳолӣ ва музди миёнаи меҳнат қайд карда шуд, ки дар давраи баррасӣ онҳо тамоили баланди зиёдшавиро давом доданд. Ин афзоиш бо мӯътадил шудани вазъи макроиқтисодӣ, таҳким ёфтани сиёсати андозу буҷет ва пулию қарзӣ тайи чанд соли охир сурат гирифта, ба баланд шудани некӯаҳволӣ ва паст шудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд. Ба ҳамин тариқ, даромади пулии аҳолӣ дар моҳҳои январ-августи соли 2006 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,3 фоиз афзуд ва бештар аз 3 млрд. сомониро ташкил намуд. Музди миёнаи меҳнат бошад дар моҳи августи соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 35,8 фоиз баланд шуда, дар охири давра 118,23 сомониро ташкил кард.  Сипас, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов дар бораи масъалаҳои зерин, аз қабили тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ, сиёсати пулию қарзӣ, фаъолияти низоми бонкӣ, афзоиши амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, маблағгузории қарзӣ, қарзҳои соҳаи пахтакорӣ ва пардохтҳои байнибонкӣ маълумот дод.  Дар интиҳои нишасти матбуот роҳбарони Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон ба суолҳои хабарнигорон ҷавобҳои пурраю комил доданд.

Возврат к списку