27.09.2006
Лоиҳа Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2009
Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низомии бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2009 мутобиқи Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 таҳия гардида, самтҳои муҳими рушди низоми бонкии мамлакатро дар ин давра ҷиҳати таъмини устувории иқтисодиёт, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум муайян менамояд. 1. Арзёбии вазъи ҷорӣ 1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ тайи солҳои 2001–2005 раванди тадриҷан мӯътадиловариро дошта, болоравии иқтисодиёт, сатҳи нисбатан пасти таваррум, афзоиши музди меҳнат, таҳкими низоми иҷтимоӣ, зиёдшавии даромадҳои пулии аҳолӣ ба назар мерасад. Масалан, дар панҷ соли охир ММД ба ҳисоби миёна ҳар сол 9,4 фоиз зиёд гардида, афзоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба ҳисоби миёна 10,4 ва 11,1 фоизро ташкил дод. Даромади аҳолӣ бошад тайи ин мӯҳлат, беш аз аз ду маротиба афзуд. Дар ин давра сатҳи таваррум аз меъёри 12,5 фоиз дар соли 2001 то 7,1 фоиз дар соли 2005 паст шуд. 2. Фаъолияти низоми бонкии Тоҷикистон дар заминаи принсипҳои иқтисоди бозорӣ ба роҳ монда шуда, рушди он ба истифодаи самараноки иқтидори мамлакат равона шудааст. Алҳол аксарияти санадҳои меъёрии фаъолияти бонкӣ бо равишҳои эътирофшудаи байналхалқии бонкдорӣ мутобиқ гардонида шудаанд. Ҳамзамон, принсипҳои асосии низоми бонкӣ инҳоянд: муҳити мӯътадилу устувори макроиқтисодӣ, сиёсати дурандешонаи пулию қарзӣ ва андозу буҷет, танзими босамари фаъолияти бонкӣ ва низоми назорати бонкӣ. 3. Низоми бонкӣ бо суръат тараққӣ меёбад. Фазои рақобатнок дар бозори хизматрасонии бонкӣ, бахусус дар соҳаи ҷалби амонатҳои шахсони воқеӣ ва хизматрасонии интиқоли пул инкишоф меёбад. Ҳамчунин дороиҳо ва сармояи ташкилотҳои қарзӣ торафт зиёд гардида, пойгоҳи захиравии онҳо, миқёси амалиёти бонкӣ ва доираи хизматрасониҳои нави бонкӣ васеъ мегардад. Масалан, активҳои низоми бонкӣ нисбат ба ММД аз соли 2001 то соли 2005 аз 9,1 фоиз то 22,3 фоиз, сармояи тавозунӣ бошад аз 2,0 фоиз то 3,9 фоиз зиёд гардидааст. 4. Тамоюли беҳтаршавии сандуқи қарзӣ низ аз таҳкими низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Дар баробари ин тамоюли устувори афзоиши маблағгузории қарзӣ ва пойгоҳи амонатии низоми бонкӣ нигоҳ дошта мешавад, ки ин аз афзоиши боварии амонатгузорон ба бонкҳо шаҳодат дода, нишонаи асосии такмили низоми бонкӣ мебошад. 5. Тайи солҳои охир ҳаҷми қарзҳои хурде, ки дода мешаванд, босуръат меафзояд, ки дар ҳалли масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад. Мадади ташкилӣ ва молиявии муассисаҳои молиявии байналхалқӣ, пеш аз ҳама Бонки таҷдиду тараққиёти Аврупо ва Бонки Рушди Осиё ба таъсиси шабакаи густурдаи муассисаҳои қарздиҳии хурд мусоидат намуд. 6. Валекин ҳануз ҳам миқёси фаъолияти низоми бонкии мамлакат нисбатан маҳдуд мебошад. Барои ҳалли масъалаҳои тараққиёти босуръати иқтисодӣ зиёдтар намудани имкониятҳои ин бахш зарур мебошад. Барои ин истифода бурдани чунин омилҳои мавҷуда, мисли сатҳи баланди рушди иқтисодиёт ва афзоиши интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар бомаврид мебошад, ки он барои зиёд шудани пасандозҳои дохилӣ замина муҳайё месозад. Муносибати хубу дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муассисаҳои молиявии байналхалқӣ имконияти бомуваффақият ҳалл намудани вазифаҳоеро, ки дар стратегия омадаанд, ҷиддӣ зиёд менамояд. 7. Баробари равандҳои мусбат ҳанӯз омилҳое вуҷуд доранд, ки ба рушди устувори низоми бонкии кишвар монеъ мегарданд, аз ҷумла: - набудани бозори пулии фаъол ва мукаммал; - нокифоя будани сатҳи идоракунии корпоративии ташкилотҳои молиявӣ ва муҷаҳҳазии паст бо техникаи муосир; - сатҳи пасти сармоякунонии низоми бонкӣ; - сатҳи пасти монетизатсия; - шароити номусоиди қарздиҳии дарозмӯҳлат ба иқтисодиёт ва хавфи нисбатан баланди қарздиҳӣ ба бахши воқеӣ; - то ҳол ҳал нагардидани якчанд масъалаҳои асосии қонунгузорӣ дар бораи гарав; - нокифоягии заминаи методологӣ ва шароити техникӣ барои фаъолияти бозори байнибонкии асъор; - то ҳол ҳал нагардидани масъалаи ҷалби маъмурии захираҳои бонкҳои тиҷоратӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки ба онҳо хос намебошад. 2. Сиёсати давлат оид ба низоми бонкӣ 8. Сиёсати тадриҷиву пайгиронаи давлат дар соҳаи танзими низоми бонкӣ барои рушди иқтисодиёт нақши муҳим мебозад. Самтҳои асосии сиёсати мазкур инҳоянд: - таъмини устувории бонизом ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бозори хизматрасонии бонкӣ дар заминаи рақобати солим; - нигаҳдорӣ ва таҳкими принсипи бозорӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва истифодаи методҳои ғайримустақими (иқтисодии) таъсиррасонӣ; - дастгирии хизматрасониҳои бонкӣ барои соҳибкории хурду миёна, иборат аз пешниҳоди маҷмӯи васеъи хизматрасонии бонкӣ ба истеъмолкунанда ва пеш аз ҳама аз дастгирии қарздиҳии чаканаи истеъмолӣ ва ипотека. - истифодаи принсипҳои бозории иқтисодиёт ва соҳибихтиёри дар такмили сохтори низоми бонкӣ, хизматрасонӣ ва ҷойгиркунии ташкилотҳои қарзӣ дар минтақаҳо; - таъмини меъёрҳои қонунгузорӣ барои мамоният ба истифодашавии низоми бонкӣ дар гузаронидани муомилоти ғайриқонунӣ, аз ҷумла шустани даромадҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ва маблағгузории терроризм; - озодкунии амалиёт бо филизоти қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва мутобиқ кардани ин амалиётҳо бо меъёрҳои ҷаҳонӣ; 9. Баробари пайдо шудани воситаҳои иловагии танзими пардохтпазирии пул меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ кам карда мешавад. 10. Муносибатҳои тарафайни мақомоти ҳокимият (марказӣ ва маҳаллӣ) дар заминаи талаботи қонунгузорӣ ва шаффофияти фаъолият сурат гирифта, ба дахолати маъмурии мақомоти ҳокимият ба фаъолияти ин гуна ташкилотҳо роҳ дода намешавад. 3. Мақсаду вазифаҳои рушди низоми бонкӣ 11. Мақсадҳои асосии рушди низоми бонкӣ дар ояндаи миёнамӯҳлат аз баланд бардоштани сатҳи устувории низоми бонкӣ, мусоидат ба рушди миёнаравии молиявӣ ва таҳкими самаранокии фаъолияти низоми бонкӣ дар мамлакат иборат аст, ки он ба инкишофи мӯътадили иқтисодиёт ба андозаи беш аз 7 фоиз дар як сол ва ба пастшавии сатҳи таваррум то 6 фоизи солона кӯмак хоҳад кард. Барои ба ин мақсадҳо ноил гардидан иҷрои вазифаҳои зерин дар назар аст. 12. Дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ: - таъмини сатҳи пасти таваррум ва нигаҳдории қобилияти харидории пули миллӣ: - тадриҷан ва бо низом баланд бардоштани сатҳи монетизатсия, ки фаъолияти босамари иқтисодиётро мекунад ва бартараф кардани сабабҳои асосии демонетизатсияи иқтисодиёт. - таҳкиму такмили амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ ва ҳамоҳанг сохтани он бо сиёсати буҷету андоз; - истифодаи режими озод шинокунандаи асъор дар сиёсати қурби мубодилавии асъор; - такмили низоми пардохт. 13. Дар соҳаи таҳкими низоми бонкӣ: - зиёд кардани боварии аҳолӣ нисбат ба низоми бонкӣ ва пурзӯр намудани ҳимояи манфиатҳои амонатгузорон; - муқаррар кардани назорати самтгирии хавфҳо ва назорати маҷмӯӣ; - таҳкими рақобатпазирии бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, рушди муҳити рақобатнок ва таъмини шаффофияти фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ; - инкишоф додани идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзӣ. 4. Натиҷаҳои интизории рушди низоми бонкӣ 14. Баланд бардоштани нақши низоми бонкӣ дар иқтисодиёт ва устувории молиявии бонкҳо ва инчунин шаффофияти фаъолияти онҳо натиҷаҳои асосии рушди низоми бонкӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин маврид нишондиҳандаҳои низоми бонкии мамлакат тадриҷан ба нишондиҳанадаҳои низоми бонкии кишварҳои дорои муносибатҳои муосири бозорӣ наздик мешаванд. Зимни татбиқи бомуваффақияти тадбирҳои дар ин ҳуҷҷат пешбинишуда дар назар аст, ки то охири соли 2009 ба нишондиҳандаҳои зерини низоми бонкӣ ноил шавем: дороиҳо/ММД – 31 фоиз; сармоя/ММД – 5,5 фоиз; нишондиҳандаи васеи пул/ММД (сатҳи монетизатсия) – 12-15 фоиз. Афзоиши сармояи бонкҳо асосан аз ҳисоби капитализатсия ва фоида, ҳамчунин аз ҳисоби ҷалби маблағҳои сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ таъмин карда мешавад. Дурнамои стратегияи рушди сохтори низоми бонкӣ аз мувофиқакории бонкҳои калони бисёрсоҳа, бонкҳое, ки ба навъи алоҳидаи хизматрасониро адо мекунанд (қарздиҳӣ ба соҳибкории хурду миёна, ипотека), ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд иборат аст. Низоми бонкие, ки дар заминаи рақобати одилона амал мекунад, воситаи муҳими андӯхти захираҳои сармоягузорӣ барои таъмини болоравии иқтисодӣ, баланд бардоштани сифату сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат ба шумор меравад. 5. Механизми татбиқи Стратегияи миёнамӯҳлат ва вазифаҳои он 15. Унсурҳои муҳими амалӣ намудани рушди Стратегияи Миёнамӯҳлати низоми бонкӣ инҳоянд: муҳити мӯътадилу устувори макроиқтисодӣ, мавҷудияти соҳаи мувофиқи монетарӣ, андоз ва ҳуқуқ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, такмилу танзими фаъолияти бонкӣ ва низоми назорати бонкӣ. Дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ 16. Барои ноил шудан ба мақсаду вазифаҳои дар пеш гузошта дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ иҷрои вазифаҳои зерин дар назар аст: - такмили таҳияи сиёсати пулию қарзӣ, васеъ намудани доираи маҷмӯи воситаҳои татбиқи он; - такмили механизми захирасозии ҳатмӣ бо роҳи кам кардани меъёри захираҳои ҳатмӣ дар асоси нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ; - ҳамкорӣ, ҳамгироӣ дар соҳаи низоми асъорӣ ва бозори коғазҳои қиматнок дар доираи кишварҳои аъзои Ҷомеаи Иқтисодии Авросиё; - озодкунии тартиби кушодани ҳисобҳо дар бонкҳои хориҷӣ, ҷалби қарзҳо ва шаклҳои дигари сармояи хориҷӣ; - аз нав дида баромадани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бо мақсади либерализатсияи минбаъдаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва реҷаи асъорӣ; - густариш додани ҳамкориҳои наздику судманди мутақобил бо ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ, фондҳо, кишварҳои мададгор (донорҳо), сармоягузорони хусусӣ, ки ба ҷалби босамари сармояи хориҷӣ дар болоравии сатҳи иқтисодӣ ва кам шудани камбизоатӣ мусоидат менамояд; - тараққӣ додани бозори байнибонкии захираҳои кредитӣ ва дар бонкҳо, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонии қарзӣ, аз ҷумла қарздиҳии дарозмуддат. Дар соҳаи таҳкими низоми бонкӣ 17. Усулҳои ташкили низоми бонкӣ дар шароити муосир ба талаботи асосии иқтисодиёт ҷавобгӯ буда, барои рушди низоми бонкие, ки ба талаботи болоравии иқтисодӣ мувофиқ аст, заминаи хуб фароҳам меорад. Фаъолияти гуногунҷабҳаи бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ имкон медиҳад, ки барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо аз ҳисоби васеъ намудани номгӯи хизматрасонӣ миқдори хавфҳо кам карда шавад. Вобаста ба ин татбиқи вазифаҳои зерин дар назар аст: - идома додани сиёсати солимгардонии бонкҳое, ки вазъи молиявиашон ногувор мебошад, тавассути таҷдиди сохтори онҳо; - зиёд кардани базаи сармоявии низоми бонкӣ, аз ҷумла бо роҳи барориши коғазҳои қиматнок; - такмили минбаъдаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷмҳати фаъолияти босамари низоми бонкӣ; - пурзӯр намудани назорат барои риояи қатъии қонунгузории бонкӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои муштариён, маҳфуз доштани сирри бонкӣ ва риояи усулҳои идоракунии корпоративӣ дар бонкҳо; - дастгирии раванди ташкили системаи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва такмили меъёрҳои ҳуқуқии танзими онҳо; - мусоидат дар ташкили ассотсиатсияи бонкҳо; - фароҳам овардани шароит барои заминаи меъёрию ҳуқуқии ташкили бюрои қарзӣ; - пурзӯр намудани фаъолияти Фонди кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ, бо роҳи таъмини пардохти воқеъии чунин амонатҳо; - пурзӯр намудани нақши комиссияи тахассусӣ оид ба аттестатсияи кормандони роҳбарикунандаи бонк; - сармоякунонии бонкҳо ба воситаи фурӯши озоди саҳмияҳо; - ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонии аудити дохилӣ дар амалияи бонкҳо ва омода намудани хулосаҳо тибқи ин меъёрҳо; - зиёд кардани талабот ба бонкҳо дар масъалаи аз аудити байналхалқӣ гузаштан ва нашр кардани ҳисоботи молиявии онҳо; - мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии мақомоти назорати бонкӣ; - ҳавасмандкунии таъсиси оҷонсҳои рейтинги кредитӣ; - рушди бозори хизматрасонии бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи таваҷҷӯҳ ва дастрасии хизматрасонии бонкӣ; - расонидани кӯмаки техникӣ ба комиссияи мустақил барои муайян кардани қарзҳои ҳақиқии хоҷагиҳои пахтакор, таҳия ва ҷорӣ намудани схемаҳои шаффофи маблағгузории хоҷагиҳои пахтакор; - аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ташкил кардани системаҳои мониторинги истифодаи технологияи муосири хизматрасонии фосилавии бонкӣ, аз ҷумла таъсиси интернет – технологияҳо, ҳимояи онҳо бо назардошти талаботи бехатарии иттилоотӣ. Дар соҳаи назорати бонкӣ 18. Назорати бонкӣ равишҳоеро, ки баҳодиҳии фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ ва истифодаи чораҳои назоратиро бо назардошти хавфҳо ва таъсири онҳо ба устувории ташкилотҳои қарзӣ, пешбинӣ менамояд. Ҳалли ин масъала дар назар дорад: - ташкили низоми эътинои пешакӣ, ки асоси онро таҳияи модели рушди минбаъдаи ташкилотҳои қарзие, ки амонат қабул мекунанд дорад ва ҷорӣ намудани ин низом дар амалияи назорат; - татбиқи назорати якҷояи бонкӣ ба фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, аз ҷумла таҳлили хавфҳое, ки дар ташкилотҳои қарзӣ дар доираи муносибатҳои тарафайн бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба миён меоянд; - рушду такомули қонунгузории соҳаи бонкӣ барои назорати хавфҳое, ки ҳангоми қарздиҳӣ ба шахсони бо бонк алоқаманд ба вуҷуд меоянд, аз ҷумла тасдиқи ҳатмии он аз ҷониби шӯрои мудирони ташкилоти қарзӣ ва роҳ надодан ба қарздиҳии имтиёзии шахсони алоқаманд ва ғайра; - идома додани кори такмилу мувофиқсозии ҳисоботе, ки бонкҳо пешниҳод мекунанд, аз ҷумла кам кардани миқдори шакли ҳисоботӣ ва соддакунии расмиёти ҳисоботдиҳии ташкилотҳои қарзӣ. Дар ин маврид ба раванди автоматизатсияи пешниҳоди ҳисоботи бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон бо истифодаи шабакаи Интернет диққати хос дода мешавад, ки он такроршавии маълумоти пешниҳодшавандаро ислоҳ карда, хароҷоти ташкилотҳои қарзиро камтар мекунад; - такмили усулҳои баҳодиҳии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар заминаи тавсияҳои Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ ва амалияи ҷаҳонӣ, ки ба баҳогузории ҳаматарафаи фаъолияти бонкҳо равона гардидааст. Зери ин мафҳум баҳогузорие фаҳмида мешавад, ки аз рӯи натиҷаи таҳлили устувории молиявии бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ (кифоятии сармоя, сифати дороиҳо, сатҳи даромадҳо ва пардохтпазирӣ, ҳамчунин шаффофияти сохтори моликият ва сифати идоракунӣ ва назорати дохилӣ бармеояд; - ҷорӣ намудани назорат дар соҳаи мубориза ба муқобили қонунигардонии (шустани) даромадҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд. Дар соҳаи беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ 19. Ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ба низоми бонкии он аз баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар корхонаҳо ва ташкилотҳои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, кам кардани хавфҳои ғайритиҷоратии ҳама гуна маблағгузориҳо, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ дар ҳамаи ташкилотҳо вобаста мебошад. Низоми ба бозори ватании хизматрасонии бонкӣ роҳ додани сармоя аз дигар тараф бояд воридшавии сармояи ғайрирезидентҳоеро, ки вазъи ноустувори молияӣ доранд, ё шубҳаовар мебошанд, пешгирӣ намояд. Ҳалли ин масъала пеш гирифтани сиёсатеро, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба низоми хусусӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт равона шудааст, дар назар дорад, аз ҷумла: - такмил ва рушди минбаъдаи заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои беҳтар кардани фаъолияти сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла вусъат додани раванди омодагӣ ва қабул кардани ислоҳҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузориҳо»; - фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузории ҷавобгӯи талаботи бозори муосир, татбиқи механизмҳои таъсирнизоми ҳимояи манфиату ҳуқуқҳои сармоягузорон ҳангоми амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ташкили низоми суғуртакунии сармояи хориҷӣ; - мусоидат ба раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо (СҶС), ба талаботи СҶС мувофиқ кардани заминаи қонунгузорӣ ва меъёрҳои фаъолияти иқтисодии кишвар, таҳияи маҷмӯи чорабиниҳо доир ба ҳимояи бозори дохилии кишвар ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ аз омилҳои бурунӣ. 20. Режими ба низоми бонкӣ роҳ додани сармояи хориҷӣ асосан ба рушди муносибатҳои бозорӣ ва рақобат дар низоми бонкӣ нигаронида шудааст. Дар соҳаи рушди бозори амонатӣ 21. Яке аз шартҳои марҳилаи нави рушди амалиёти бонкӣ дар низоми воқеии иқтисодиёт ин ба вуҷуд овардани заминаи устувори захиравии миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат мебошад. Роҳи асосии ҳалли ин масъалаи стратегӣ афзоиши амонатҳои аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Заминаҳои зиёд кардани амонатҳои аҳолӣ дар бонкҳо инҳоянд: - зиёд кардани даромадҳои воқеии аҳолӣ; - таҳкими устувории ташкилотҳои қарзӣ ва низоми бонкӣ; - рушду такомули заминаҳои ҳуқуқии манфиатҳои кредиторон ва амонатгузорон; - зиёд кардани боварии муштариён ва амонатгузорон ба муассисаҳои молиявӣ; - нигаҳдории институти сирри бонкӣ, аз ҷумла махфӣ будани амонатҳо; - зиёд намудани номгӯи хизматрасониҳои бонкӣ барои ҷалби маблағҳои аҳолӣ. Дар соҳаи рушди бозори қарзӣ 22. Зиёд шудани талаботи низоми воқеии иқтисодиёт ба кредити бонкҳо бо динамикаи мусбати параметрҳои макроиқтисодӣ ва рушди низоми маблағгузории такрории бонкҳо дар заминаи ба сифати гарав истифода шудани коғазҳои қиматноки давлатӣ ва дигар дороиҳои зудфурӯш таъмин карда мешавад. 23. Бо мақсади танзими пардохтпазирии низоми бонкӣ Бонки миллии Тоҷикистон бозори байнибонкии захираҳои қарзиро инкишоф медиҳад, ки он ҷиҳатҳои зеринро баррасӣ менамояд: - шартҳои махсуси додани қарзҳои байнибонкӣ; - танзими арзиши қарзҳои байнибонкӣ мутобиқи бозор; - имконияти бонкҳо дар масъалаи гирифтани таъмини гарав. 24. Ҳамчунин кори беҳтар кардани сифати портфели қарзии бонкҳо барои пардохти қарзҳои мушкилситон идома дода мешавад. Аз ҷумла, қарзҳои ғайрифаъоле, ки ба корхонаҳои моликияти давлатӣ дода шудаанд, рекапитализатсия шуда, ҷустуҷӯи роҳҳои таъмини қарзҳои мушкилситон бо амволи зудфурӯши гарав ва фурӯши он идома меёбад. Дар соҳаи рушди қарздиҳии хурд Беҳтар кардани шароити дастрасии захираҳои қарзӣ дар мамлакат, бахусус дар минтақаҳои дурдасту кӯҳӣ шарти асосии рушди минбаъдаи соҳаи қарздиҳии хурд ба ҳисоб меравад. 25. Бо мақсади рушди пешниҳоди қарзҳои бонкӣ ба бизнеси хурду миёна таҳия ва амалӣ намудани усулҳое, ки ба қабули расмиёти соддашудаи қарздиҳии бизнеси хурд, бахусус барои додани қарзҳои ҳаҷман хурд равона гардидаанд, зарур мебошад. 26. Мавқеи асосиро дар маблағгузории ғайрибонкӣ дар бахши реалии иқтисодиёт рушди ташкилотҳои маблағгузории хурде, ки пеш аз ҳама талаботи аҳолии деҳоти дурдаст, корхонаҳои хурд ва хоҷагиҳои деҳқониро қонеъ мегардонанд, ҳамчунин дар барномаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ бо қарздиҳии хурд иштирок мекунанд, ишғол менамояд. 27. Азбаски миқдори амалиётҳое, ки ташкилотҳои маблағгузории хурд анҷом медиҳанд, кам мебошад, зарур аст, ки барои ин гуна ташкилотҳо низоми соддашудаи ҳисобдорӣ таҳия гардад. Дар соҳаи рушди бозори қарзи манзилӣ (ипотекӣ) 28. Қарздиҳии манзилӣ (ипотекӣ) фишанги бештар босамари ба соҳаи сармоягузорӣ ҷалб намудани маблағҳои аҳолӣ ва қонеъ гардонидани талаботи онҳо бо манзил мебошад. 29. Бо мақсади тараққӣ додани бозори қарздиҳии манзилӣ (ипотекӣ) дар ҷумҳурӣ қабули як барномаи алоҳидаи давлатӣ зарур мебошад. Барномаи мазкур бояд тадбирҳоеро пешбинӣ намояд, ки онҳо бевосита ба ташаккули заминаи ҳуқуқию сохтории рушди ипотека ва таъсиси бонки манзилӣ (ипотекӣ) мусоидат кунанд. 30. Дар ин самт амалӣ намудани тадбирҳои зерин зарур аст: - қабули қонунҳо барои фароҳам овардани шароит ба ҷалби сармояи хусусӣ дар низоми манзил. Татбиқи ин амал бояд қабули қонунҳои асосиро барои эҷоди заминаҳои ҳуқуқии қарздиҳии замонатӣ дар бар гирад, аз ҷумла қабули қонунҳои зеринро: дар бораи замонат (ипотека), дар бораи бақайдгирии ҳуқуқҳо ба амволи ғайриманқул ва муомилот бо онҳо, дар бораи савдои озод; - такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, ки ворид намудани тағйироту ислоҳҳоро ба қонунгузории гражданию мурофиавӣ ва манзил пешбинӣ менамояд, то мушкилоту монеаҳои мавҷуда дар масъалаи истифода бурдани предмети гарав барои манзил, ки таъмини қарзи замонатӣ мебошад, бартараф карда шаванд. - фароҳам овардани шароит ва механизмҳои ҷалби захираҳои молиявии дарозмӯҳлат ба низоми маблағгузории манзилӣ. Дар соҳаи рушди бозори коғазҳои қиматнок 31. Бозори коғазҳои қиматнок дар ҷумҳурӣ айни замон дар марҳилаи инкишоф қарор дорад. Дар ин бозор ҳоло танҳо вомҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва саҳмияҳои ташкилотҳои саҳомӣ гардиш мекунанд. 32. Барои рушди бозори муташаккили коғазҳои қиматнок андешидани тадбирҳои зерин зарур мебошад: - аз нав оғоз кардан ба барориши векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; - ташкили механизми иштироки вомбаргҳои дарозмӯҳлати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон қарор доранд дар бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок; - ташкили механизми ягонаи густариши маълумот барои иштирокдорони бозори коғазҳои қиматнок; - идома додани корҳо дар самти ҷалб намудани созмонҳои молиявии байналхалқӣ барои мусоидат дар рушди бозори коғазҳои қиматнок. 33. Рушди бозори корпоративии коғазҳои қиматнок бояд тадриҷан қисми бештари корхонаю ширкатҳоро ба худ ҷалб намояд, ки он метавонад гардиши озоди маблағҳои сармоягузориро аз як сегменти иқтисодиёт ба дигараш таъмин кунад. Дар ин маврид нақши Оҷонсии коғазҳои қиматноки назди Вазорати молия ҳамчун танзимгари фаъолияти ин бозор боз ҳам зиёд хоҳад шуд. Ин вазифа иҷрои тадбирҳои зеринро пешбинӣ мекунад: - такмили фаъолияти биржаи коғазҳои қиматнок ва дохил кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ва корпоративӣ ба листинг; - ташкили ширкатҳои мустақили аудиторӣ барои баҳогузории вазъи иқтисодии ҷамъиятҳои саҳомӣ; -барориши коғазҳои қиматноки корпоративӣ аз ҷониби корхонаҳои дорои моликияти хусусӣ. Дар соҳаи муомилоти пулӣ 34. Вазифаи асосии муомилоти пулӣ дар шароити рушди иқтисодиёт танзими муносиби пули нақд мебошад, ки дар назар дорад: - мутобиқи талаботи воқеӣ бо пули нақд таъмин намудани ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт мавриди мавҷудияти маблағ дар ҳисобҳои воҳидҳои хоҷагидорӣ; - такмил додани дараҷаҳои ҳимоявии пулҳои коғазӣ барои пешгирии сохтани пулҳои қалбӣ ва нигаҳдории дарозмӯлати пулҳои коғазӣ дар муомилот; - таъмини муомилоти пулӣ бо пулҳои нав бо роҳи ба воситаи муассисаҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ аз муомилот гирифтани пулҳои фарсуда ва ивазкунии онҳо бо пулу тангаҳои коршоям. Дар соҳаи рушди бозори асъор 35. Шартҳои асосии рушди бозори асъор дар ҷумҳурӣ инҳоянд: - либерализатсияи минбаъдаи режими асъор ва тартиби анҷом додани амалиёти асъорӣ, ки бо гардиши сармоя алоқаманд мебошад; - таъмини кори мӯътадили бозори дохилии асъор, фароҳам овардани шароит барои рушди низоми байнибонкии вай ва бозори муомилоти форвардӣ, ҳамгироии бозори дохилии асъор ба бозорҳои ҷаҳонии асъор; - таҳияи санадҳои методӣ барои ташкили системаи ягонаи савдои электронии асъори хориҷӣ; - ба вуҷуд овардани муҳити рақобатнок дар бозори чаканаи хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ва мусоидат ба рушди институти нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони ғайрирасмӣ; - фароҳам овардани заминаи меъёрӣ барои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар бозори филизоти қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо. Дар соҳаи сиёсати кормандон 36. Рушду такомули иқтидори кормандон низоми бонкӣ ҳамчун ҷузъи асосии маҷмӯи чорабиниҳои ислоҳоти низоми бонкӣ баррасӣ мегардад. 37. Мақсади асосии сиёсати кормандон ин баланд бардоштани сатҳи тахассуси коргарон, ташкили коллективи корозмуда мебошад, ки метавонанд дар инкишофи стратегии низоми бонкӣ саҳми намоён дошта бошанд. Баланд бардоштани самаранокии низоми интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кормандон, ҳамчунин такмили низоми тарбия ва рушди фарҳанги корпоративӣ вазифаҳои афзалиятдори сиёсати кадрҳо ба ҳисоб мераванд. 38. Аз ин рӯ минбаъд муассисаҳои низоми бонкӣ бояд барои интихобу тарбияи кормандон, нигаҳдорӣ ва баландбардории омодагии касбии онҳо пайваста кор баранд. Барои ба ин соҳа ҷалб намудани мутахассисони ояндадор дигар василаҳои иловагӣ ба кор бурда мешаванд. Дар шароити пешрафти босуръати иқтисодӣ ва ба саҳнаи иқтисоди ҷаҳонӣ ҷалб гардидани кишварамон, аз ҷумла дар натиҷаи воридшавии сармояи хориҷӣ рақобати ҷалб намудани мутахассисон торафт меафзояд. 39. Дар баробари такмили идоракунии кормандон роҳбарони бонкҳо ба пурзӯр намудани нақши хадамоти кадрҳо аҳамияти махсус медиҳанд ва дар назди ин хадамот барои такмили самтҳои анъанавии кори истифодабарии методҳои муосири баҳогузорӣ вазифаҳои нав мегузоранд. Ин усулҳои баҳогузорӣ имкон медиҳанд, ки иқтидору имкониятҳои касбию кории кормандон ва истифодаи босамари онҳо ошкор карда шаванд. 40. Тарбияи мутахассисон дар соҳаи бонкдорӣ асосан дар як ё ду мактаби олии кишварамон, ки барои омодагии кадрҳои баландихтисос имконият доранд, сурат мегирад. Низоми бонкӣ мунтазам ба ин мактабҳои олӣ дар масъалаи таҳияи барномаҳои таълимӣ ва усулҳои муосири таълим кӯмак расонида, ҳамчунин иштироки мутахассисони бонкҳоро дар кори илмию педагогии соҳаҳои дахлдор ҳавасманд менамояд. 41. Маркази таълимии байнибонкии Тоҷикистон дар оянда имкон дорад, ки тарбия ва бозомӯзии мутахассисонро дар як сол аз 100 нафар то ба 1000 нафар расонад. 42. Барои нигаҳдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кадрҳо дар баробари таълими анъанавӣ ҳамчунин тадбирҳои мушаххаси зиёд намудани салоҳияти касбии онҳо дар рафти иҷрои ӯҳдадориҳои вазифавӣ андешида мешаванд. Дар соҳаи такмили қонунгузорӣ 43. Татбиқи бомуваффақияти вазифаю мақсадҳои рушди низоми бонкӣ аз такмили қонунҳои мавҷуда ва қабули қонунҳои нави ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ вобаста аст. Дар ин самт қабул намудани қонунҳои зерин афзалияти бештар дорад: - Дар бораи таърихи кредитҳо; - Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ (дар таҳрири нав); - Дар бораи замонат (ипотека); - Дар бораи бақайдгирии давлатии амволи ғайриманқул ва муомилот бо он; - Дар бораи мубориза ба муқобили софкории (қонунигардонии) пулҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд ва маблағгузории терроризм; - Ҳамчунин, ворид кардани тағйирот ба Қонунҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад: - Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ (доир ба такмили идоракунии корпоративӣ дар бонкҳо ва зиёд кардани талабот ба кормандони роҳбарикунандаи бонк); - Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ (доир ба баланд бардоштани нақши Фонди кафолати амонатҳо); - Кодекси замин (доир ба гарави ҳуқуқи истифодаи замин); - Кодексҳои гражданӣ, андоз, ҷиноӣ – мурофиавӣ (доир ба фош кардани сирри бонкӣ ба шахсони сеюм танҳо дар асоси ҳалномаи суд). Дар соҳаи низоми пардохт 44. Яке аз омилҳои муҳими муътадилу устувории фаъолияти низоми молиявӣ ва иқтисодиёт такмили минбаъдаи низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ташкили чорабиниҳо оид ба васеъ намудани доираи ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ, ҷорӣ кардани технологияи муосир ва методҳои интиқоли маълумот, ҳимояи системаҳои иттилоотӣ, таъмини фаъолияти босамар ва боэътимоди низоми пардохт ба ҳисоб меравад. 45. Такмили низоми пардохт ба воситаи ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонии бонкӣ бо истифода аз системаҳои технологияи олии худкор идома дода шуда, ба системаи электронии пардохт гузаронидани ҳисоббаробариҳои байнибонкӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ анҷом дода шавад. 46. Ба такмилу танзими системаҳои корпоративии пардохти дар мамалакат амалкунанда, ки ҳисоббаробариҳои дохилибонкӣ ва дигар ҳисоббаробариҳоро дар асоси муносибатҳои муросилотии байнибонкӣ таъмин мекунанд, таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин ҳамкориҳои худро бо ташкилотҳои қарзӣ дар гузаронидани ислоҳоти низоми пардохт идома хоҳад дод. 47. Бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти мамлакат кори Маркази протсессинги «Тоҷкорд» ва рушди инфраструктураи истифодабарии кортҳои пластикӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар фаъол карда мешавад. 48. Барои электронӣ кардани пардохтҳо ва ҳисоббаробариҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои мувофиқи иттилоотӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии молиявӣ, таъмини ҳимояи боэътимоди ҳуқуқии муомилоте, ки дар шакли электронӣ сурат мегиранд, андешидани маҷмӯи тадбирҳои дахлдор зарур мебошад. 49. Барои такмил додани кори ташкили ҳисоббаробариҳои байналхалқӣ ва таъмини босифату боэътимоди раванди ҳисоббаробарию пардохти иштирокдорони фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастрасӣ ба хизматрасониҳои нав комплекси барномавию дастгоҳии SWIFT нав карда мешавад ва пайвастшавии бонкҳои нав ба системаи SWIFT идома хоҳад ёфт. 50. Ба масъалаи таъмини бехатарӣ ва ҳимояи системаҳои иттилоотӣ ва мукаммалии базаи маълумот дар заминаи консепсияи таҳияшудаи бехатарии технологияи иттилоотӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мегардад. Барои амалӣ намудани самаранокии низоми пардохт гузаронидани аудити байналхалқӣ дар ин соҳа ба нақша гирифта мешавад. Замима ш. Душанбе 26 сентябр 2006 с.