15.09.2006
Вохӯрии роҳбарияти Бонки милии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин
14 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Алимардонов М. М. бо Президенти Бонки давлатии рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин (БДРЧ) Чэн Юан доир гашт. Дар рафти мулоқот як қатор масоили муҳим, аз ҷумла дурнамои ҳамкориҳо миёни БМТ ва БДРЧ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Раиси БМТ баъд аз хайрамақдами меҳмонон, оид ба ислоҳоти низоми бонкӣ дар ҶТ, фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, рафти баргузории ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон суханронӣ намуд. Дар навбати худ Раиси БМТ Алимардонов М. М. қайд намуд: «Омӯхтани таҷрибаи Чин дар мавриди ислоҳоти иқтисодию бонкӣ бароямон манфиатовар аст». Ӯ афзуд, кишвари мо чун истеҳсолкунандаи сабзавоту меваҷот ниёз ба муассисоти коркарди маҳсулот дорад ва дар ин самт ҳамкориҳои дуҷонибаи мо метавонад инкишоф ёбад. Ҷаноби Юан қайд намуд, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Э. Ш. самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба, аз он ҷумла омодагӣ дар бораи васеъ намудани доираи ҳамкориҳо бо БМТ мавриди гуфтугӯ қарор дошт. «Тоҷикистон дорои захираҳои бои обӣ аст, ки чунин сарват ҷиҳати рушди соҳаи энергетика ва парваришу рӯёнидани маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад. Бонки давлатии рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин омодааст, то ҷиҳати рушди чунин соҳаҳо ва саноати ангиштсангу бунёди инфраструктураи шаҳрӣ маблағгузорӣ намояд, - гуфт ҳини сӯҳбат ҷаноби Юан. Бонки давлатии рушди Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати дастгирии сектори кишоварзӣ дар ҳаҷми 10 млн. долари амрикоӣ маблағ ҷудо намуд. Президенти БДРЧ иттилоъ дод, ки дар оянда бонк ният дорад, то доираи ҳамкориро бо Тоҷикистон васеъ намуда, ҳаҷми кредитро вусъат бахшад. Ӯ қайд намуд, ки бонкҳои ҳар ду ҷониб имкон доранд, то таҷрибаи ҳамдигарро мавриди омӯзиш қарор дода, дар навбати худ таҷрибаҳосилкунии мутахассисонро ба роҳ монанд, семинару ҷамъомадҳо баргузор намоянд, дар тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳм гузоранд, табодули маълумот намоянд. Ҳамчунин ҷонибҳо пешниҳод намуданд, ки бинобар рушди ҳаҷми савдои мол миёни ду кишвар, хуб мебуд агар табодули асъор тезонида мешуд. Мулоқоти ҷонибҳо дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.