Семинар дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бойгонии ахбор
25.08.2006

Семинар дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Биржаи марказии фондии Тоҷикистон (БМФТ) курси таълимиро оид ба тайёр намудани трейдерҳои биржавии асъори хориҷӣ гузаронид. Семинаре, ки панҷ рӯз давом кард, идомаи курси таълимии муштарак дар чаҳорчӯбаи омода намудани мутахассисони бахши бонкӣ ба шумор меравад.  Дар назди иштирокдорони семинар мутахассисони БМТ, БМФТ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо лексияҳои ҷолиб баромад карданд. Кормандони бонкҳои тиҷоратӣ тайи чанд рӯз дар баробари дарсҳои назариявӣ дар мавзӯҳои қурби асъори хориҷӣ ва муомилот, таҳлили бозори асъории ҷаҳон ва Тоҷикистон, савдои биржавии низоми FOREX, принсипҳои танзими сиёсати асъории мамалакатҳои аъзои ХБА машғулиятҳои амалиро анҷом доданд.  Баъди анҷоми машғулиятҳои семинарӣ ба иштирокдорони он сертификатҳо супорида шуданд.

Возврат к списку