07.08.2006
Ба муомилот тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ бароварда шуданд
Бо мақсади бузургдошти ҷашнҳои миллӣ ва таърихии кишварамон бо Қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2006 тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнии зерин ба муомилот бароварда шуданд: - ба муносибати 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тилло бо арзишҳои 200, 100, 50, инчунин аз нуқра ва филизҳои омехта бо арзиши 5-сомонӣ; - ба муносибати 2700-солагии шаҳри Кӯлоб аз нуқра ва филизҳои омехта бо арзиши 3-сомонӣ; - ба муносибати Соли тамаддуни Ориёӣ аз нуқра ва филизҳои омехта бо арзиши 1-сомонӣ. Тангаҳои ҷашнии аз филизҳои омехта истеҳсолшудаи барориши соли 2006 дар радифи тангаҳои истеҳсоли солҳои 2001 ва 2006, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш мекунанд.