22.05.2006
Дар ш. Лондон ҷаласаи солонаи БАТИ баргузор гардид
21 майи соли 2006 дар ш. Лондон ҷаласаи солонаи Бонки Аврупоии таҷдид ва инкишоф (БАТИ) баргузор гардид. Дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мудири БАТИ аз Тоҷикистон М. Алимардонов ширкат варзид. Иштирокчиёни ҷаласаи номбурда нақшаи панҷсолаи амали бонкро, ки тибқи он БАТИ ният дорад маблағгузории давлатҳои ба Иттиҳоди Аврупо шомилшударо кам намояд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар назар аст, ки маблағҳои озодшуда барои маблағгузории мамлакатҳои ҷанубу шарқии Аврупо равона карда хоҳанд шуд. Худи ҳамон рӯз Мудири БАТИ аз Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов ба ҳозирини ҷаласа Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Ӯ дар бораи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, бартарият ва хусусиятҳои маблағгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми бонкии мамлакат ва лоиҳаҳои БАТИ дар ҷумҳурии мо маълумоти мукаммал дод. Сипас, М. Алимардонов бо Президенти БАТИ ҷаноби Жан Лемиер мулоқот анҷом дод, ки дар рафти он масъалаҳои тавсиаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи судманд муҳокима гардиданд. Шоми ҳамон рӯз байни БАТИ ва ҶСП «Тоҷпромбонк» маросими имзои Созишномаи қарзӣ ба маблағи 4 млн. доллари ИМА баргузор гардид. Аз он ҷумла, 2 млн. доллари ИМА барои маблағгузории хурд пешбинӣ шуда, 2 млн. доллари ИМА-и боқимонда барои маблағгузории савдо равона карда мешаванд. Имрӯз, 22 майи соли 2006, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М. Алимардонов бо маърӯзаи муфассал дар назди иштирокчиёни ҷаласаи солонаи БАТИ суханронӣ менамояд.