Мулоқот бо гурӯҳи иқтисодӣ

Бойгонии ахбор
03.03.2006

Мулоқот бо гурӯҳи иқтисодӣ

Субҳи 3 марти соли 2006 ҳайати навбатии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) таҳти сарварии ҷаноби Карлос Пинеруа бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омад.  Худи ҳамон рӯз вохӯрӣ ва мулоқоти аъзои ҳайати ХБА бо гурӯҳи иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Мушовири давлатии Президенти мамлакат М. Давлатов, вазири молия С. Наҷмиддинов, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон М.Алимардонов, вазири иқтисод ва савдо Ҳ. Солиев намояндагони вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ ва Дастгоҳи иҷроияи президент баргузор гардид.  Мушовири давлатии Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ М. Давлатов изҳор дошт, ки ташрифи ҷаноби Карлос Пинеруа ва се ҳайати ХБА ба Тоҷикистон дар таҳкими барқарории муносибатҳои тарафайн миёни кишвари мо ва Хазинаи байналхалқии асъор, дастгирии дигаргуниҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон иқдоми муҳим ба шумор меравад. Ба андешаи мо, бо кӯмаки ХБА ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон тавсиа ва суръати бештареро ба худ касб хоҳад кард.  Баъдан, М. Давлатов меҳмони гиромиро бо вазъи имрӯзаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ шинос намуда, қайд кард, ки аз рӯи натиҷаҳои бадастомада дар соли 2005 ММД 6,7 фоиз зиёд гардида, сатҳи таваррум 7,1 фоизро ташкил дод. Қурби номиналии пули миллӣ дар давоми солҳои охир тамоюли устувор дорад.  Дар оғоз сарвари ҳайати ХБА ҷаноби Карлос Пинеруа аъзо ва роҳбарони ду ҳайати дигари Хазинаи байналхалқии асъорро, ки чанд соат пеш ба Тоҷикистон омадаанд, ба аҳли маҷлис муаррифӣ намуд. Ба андешаи ҷаноби Карлос Пинеруа, мақсади ҳайати ХБА аз омӯзиши самтҳои асосии Барномаи нав, таҳлили рушди иқтисодии ҷумҳурӣ дар охири соли 2005 ва аввали соли 2006 иборат мебошад.  Ҳайатҳои ХБА дар давоми ду ҳафтаи сафари кории хеш дар Тоҷикистон бо сардорони шӯъбаю идораҳо ва роҳбарони вазорату бонкҳои ҷумҳурӣ мулоқоту музокиротҳо анҷом хоҳанд дод.  Дар назар аст, ки аъзои ҳайати ХБА қабл аз анҷоми сафарашон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов ба ҳузур пазируфта мешаванд.

Возврат к списку