14.03.2011
Қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе каме афзуд
11 март ва рӯзҳои истироҳат қурби миёнаи доллари нақди. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке афзуда, 4,4696-4,4860 сомониро ташкил дод. Аз ҷониби дигар, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст фаромада, 1,5520-1,5670 сомонӣ ба 10 рубли русӣ ва 6,1600-6,1800 сомонӣ ба 1 евро баробар шуданд. Имрӯз, 14 март қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе низ каме афзуда, ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,4850-4,5025 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ