17.03.2011
Дар бозори нақд қурби асъорҳои хориҷӣ тағйир ёфт
Қурби миёнаи доллари нақди ИМА 15-16 март дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ 4,4780-4,4950 сомониро ташкил дод. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ каме паст фаромада, 1,5490-1,5640 сомонӣ ба 10 рубли русӣ баробар шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад, андаке афзуда, 1 евро дар ҳудуди 6,1950-6,2150 сомонӣ қарор гирифт. Имрӯз, 17 март қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе каме афзуда, ба ҳисоби миёна ба 4,4920-4,5090 сомонӣ баробар шуд. Хадамоти матбуоти БМТ