28.03.2011
Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуданд
Қурби миёнаи доллари нақди ИМА 25 март ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ 4,4800-4,4950 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,5650-1,5780 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2550-6,2750 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 28 март қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе дар маҷмӯъ бетағйир боқӣ монда, чун чанд рӯзи қаблӣ дар ҳудуди 4,4920-4,5090 сомонӣ қарор гирифт. Хадамоти матбуоти БМТ