31.03.2011
Қурбҳои миёнаи асъорҳои нақди хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуданд
Қурбҳои миёнаи асъорҳои нақди хориҷӣ 29-30 март дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме баланд шуда, 1 долл. ИМА ба 4,4820-4,4980 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,5690-1,5830 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2500-6,2800 сомонӣ баробар шуданд. Имрӯз, 31 март қурби долл. ИМА ҳам каме афзуд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе 4,4950-4,5130 сомониро ташкил дод. Хадамоти матбуоти БМТ